Институт Конфуция

Донишкадаи Конфутсий

дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Дар даврони истиқлолият муносибатҳои дўстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамчун кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ дар ҳама ҷабҳаҳо сол то сол густариш меёбад. Дар доираи сафарҳои корӣ ва мулоқотҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷин Пин даҳҳо созишномаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун аз он ҷумла, соҳаи маорифи халқ ба тавсиб расидаанд.

Дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис додани Донишкадаи Конфутсий ба ҳайси як муассисаи таълимию фарҳангӣ ва забономўзӣ самараи ҳамин ҳамкориҳои дуҷониба буда, бо дастгирию мусоидати Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ муҳтарам Шавкат Бобозода, Вазири маориф ва илми ҶТ муҳтарам Нуриддин Саид ва Раёсати ДКМТ амалӣ гардид.

Дар ҳамин замина намояндагони расмии Донишгоҳи нафти Чин (муассиси Донишкадаи Конфутсий аз тарафи Ҷумҳурии мардумии Чин) дар ҳайати хонума Шан Хун Хун – ректори Донишгоҳи нафти Чин, профессор, ҷаноби Луан Фенчи – директори маркази таҳсили байналхалқии донишгоҳи нафти Чин, ҷаноби Чен Хун Бин – ҷонишини мудири Маркази рушди маорифи донишгоҳ, хонума Сун Даман –ҷонишини директори Донишкадаи илмҳои гуманитарии ҳамин донишгоҳ санаи 18-уми августи соли 2015 ба Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳамон рўз, дар ҷаласаи ибтидоии Шўрои машваратии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Оиннома ва Нақшаи кори минбаъдаи Донишкадаи Конфутсий тасдиқ карда шуд.

Сипас, тибқи барнома ҳайати расмӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон шинос гардида, баъдан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд.

Санаи 19 август дар толори калони Донишкада ҷамъомади тантанавӣ бобати имзои Созишнома оид ба таъсис ва кушодани Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.

Имзои Созишнома оид ба таъсис додани Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон (19 августи 2015с.)

Ҷамъомади тантанавиро ректори ДКМТ, дотсент Фозилов М. М. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, роҷеъ ба ҳамкориҳои судманди Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ бо кишвари ҳамсояи Чин дар самти рушд додани соҳаҳои саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, маорифу фарҳанг суханронӣ намуда, ба ҳайати расмии меҳмонони Чин арзи сипос намуд.

Ҷамъомади тантанавӣоид ба таъсис додани Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон (19 августи 2015с.)расми Насриддинов З.З.

 

Инчунин, дар ҷамъомад ректори Донишгоҳи нафти Чин хонума Шан Хун Хун, намояндаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Чжоу Сзянсзюя, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шўъбаи инкишофи иҷтимоии дастгоҳи Раиси вилоят Аъзам Ҳотамӣ, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ дар вилояти Суғд Муқаддас Раҷабова, муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали Раиси шаҳри Чкалов Рустамӣ Содиқҷон Абдукарим баромад намуда, аз кушодашавии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки ба фаъолият оғоз намудани чунин як Маркази таълимию-фарҳангӣ дар равобити дўстонаи Тоҷикистону Чин саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

Ифтитоҳи расмии бинои Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (19 августи 2015с.)

 

Бояд қайд намуд, ки ифтитоҳи расмии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ тавассути воситаҳои ахбори омма – телевизиони ҷумҳуриявӣ ва вилояти Суғд, радио ва матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос карда шуд.

«Дониш ва истеъдоди инсонӣ – роҳи ягонаи расидан ба муваффаққиятҳо аст» гуфта буд мутафаккир ва файласуфи замони қадими Чин Конфутсий.

Имрўзҳо номи ин файласуф вирди забони ахли зиёи тоҷик гардидааст. Зеро 7 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақ додани ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин, омўзиши забон ва фарҳанги мардуми Чин Донишкадаи Конфутсий таъсис дода мешавад ва онҳо бомуваффаққият фаъолият мебаранд. Бори аввал соли 2009 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий таъсис дода шуда ба фаъолият оғоз намуда буд.

Бисёр хурсандиовар аст, ки ин анъана имрўзҳо вусъат ёфта дар вилояти Суғд низ чунин донишкадаҳо созмон дода мешавад. Санаҳои 18-21 августи соли 2015 дўстони чинӣ, роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи нафти Хитой дар меҳмонии аҳли коллективи Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон буданд. Дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий таъсис дода шуд, ки муассисони он Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи нафти Хитой мебошанд.

Мақсаду мароми ин муассисаи илмиву фарҳангӣ аз устувор гардонидани равобитҳои дўстона ва фарҳангӣ, омўзиши забони чинӣ, фарҳанги мардуми он, ба роҳ мондани равобити дутарафаи Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон бо Донишгоҳи нафти Хитой ва дигар ширкатҳои Чин, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати куҳӣ-металлургӣ фаъолият доранд, ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забони хитоӣ, тайёр кардани мутахассисон, мубодилаи таҳсили донишҷўён, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва ғ.мебошад.

То таъсис додани Донишкадаи Конфутсий аз тарафи муассисони ин донишкада як чанд амалҳо ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, соли 2014 бори аввал вохўрии роҳбари Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Фозилов М. М. бо намояндагони Донишкадаи Конфутсий дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд.

Дар рафти вохўрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар ш. Душанбе (сентябри 2014с.) баргузор гардида буд, вохўрии ректори ДКМТ дотсент Фозилов М. М. бо директори генералии ситоди марказии Донишкадаи Конфутсий дар Ханбан хонума Сюй Лин баргузор гардида буд. Дар ин вохўрӣ Созишнома оид ба таъсис додани филиали Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон ба имзо расид.

27-28 октябри соли 2014 дар ш. Ланҷоу конфронси муттаҳидаи институтҳои Осиёгии Конфутсий баргузор гардид, ки дар он роҳбари Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон дотсент Фозилов М. М. иштирок намуда масъалаи таъсиси донишкадаи Конфутсийро дар назди ДКМТ бори дигар баррасӣ намуд.

7-8 декабри соли 2014 дар ш. Сямини вилояти Фузиани  Ҷумҳурии мардумии Чин Конфронси 9-уми байналмиллалии донишкадаҳои Конфутсий бахшида ба 10-солагии таъсиси донишкадаи Конфутсий баргузор гардид, ки дар кори он ректори ДКМТ дотсент Фозилов М. М. иштирок намуда оид ба ташкили донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ изҳори ақида намуд.

Ҳамзамон дар ин конфронс аз тамоми давлатҳои ҷаҳон намояндагони Донишгоҳу донишкадаҳо ва Марказҳои омўзиши забони чинӣ иштирок доштанд. Дар рафти баргузории конфронси мазкур асосан масъалаҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкадаи Конфутсий дар даҳсолаи сипаришуда баррасӣ шуданд.

Рўзи 8-уми декабр директори генералии Донишкадаи Конфутсий Су Лин ректори Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистонро ба ҳузур пазируфт ва нисбати ҳамкории донишкадаи мо бо ширкатҳои чинӣ ёдовар шуда, ба кўмаку дастгирии Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз суханони директори генералӣ Су Лин чунин бармеомад, ки имрўз масъалаи ба кадом Донишгоҳи  Ҷумҳурии мардумии Чин вобаста намудани таъмини омўзгорони забони чинӣ баррасӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни сафари корӣ Фозилов М. М. бо ректори Донишгоҳи педагогии Синзиан Вали Барат вохўрӣ гузаронид.

Натиҷаи ҳамаи ин вохўриҳо буд, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий ташкил карда мешавад.

 

Кушодашавии маркази нави забономўзии Донишкадаи Конфутсий барои аксари донишҷўён ва мактаббачагон, ки дер боз интизори он буданд дар ҳақиқат ҳам тўҳфаи гаронбаҳо гардид. Ин макони илму маърифат имконият медиҳад, ки забони чиниро омўхта дар баробари он, бо расму одатҳои мардуми онҷо аз наздик шинос шавем ва робитаи дўстиро байни худ мустаҳкамтар гардонем.

Донишкада фаъолияти таълимии худро аз 1-уми марти соли 2016 оғоз намуда, донишҷўён, омўзгорон ва мактаббачагон бо имконияти васеъи забономўзӣ фаро гирифта шуданд.