ЭЪЛОНИ ҚАБУЛ БА КУРСҲОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ қабули хоҳишмандонро ба курсҳои омӯзиши забони чинӣ барои таҳсили нимсолаи дуюми эълон менамояд.

Самтҳои омӯзиш:

  • Забони чинӣ аз рӯи дараҷаи HSK1 то HSK6
  • Забони чинӣ барои кӯдакони аз синни 8 то 14 сола
  • Забони чинӣ барои тиҷорат
  • Забони чинии техникӣ
  • Забони чинӣ барои корхонаҳо ва муассисаҳо – тибқи талаботи самтӣ

Афзалиятҳои курсҳо:

  • Дар донишкада омӯзгорони соҳибзабон ва омӯзгорони маҳаллӣ, ки дорои шаҳодатномаи “омӯзгори байналмиллалии забони чинӣ” мебошанд ва таҷрибаи зиёди корӣ доранд, фаъолият мебаранд
  • методикаи муосири таълим
  • муҳити воқеии забонӣ
  • имкони иштирок дар озмунҳо ва барномаҳои байналмилалӣ
  • имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои Чин тавассути квота

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: Аз санаи 2-юм то 5-уми феврали соли 2026

Оғози дарс: санаи 18-уми феврали соли 2026

Маблағи таҳсил:  давомнокии курс 4 моҳро дар бар гирифта маблағи таҳсил 1040 сомониро ташкил медиҳад, ки довталаб бояд ба пуррагӣ пардохт намояд.

Ҳуҷҷатҳои лозима: нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатномаи таваллуд, сурати элетронӣ 3х4 бо фони сафед, сертификати HSK ( агар бошад).

Суроға:

ш. Бӯстон Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ

📞 Тамос: +(992) 927552594 Насриддинов З.З., 928620155 Азимов Эминҷон

📱 WhatsApp / WeChat:+992927552594, +992928620155